Мақомоти давлатӣ аз муассисаи давлатӣ чи фарқ дорад?

0

# Савол

Мақомоти давлатӣ аз муассисаи давлатӣ чи фарқ дорад? Макомоти давлати аз муассисаи давлати чи фарк дорад?

# Ҷавоб

Мақомот – унсури таркибии дастгоҳи давлатӣ буда, аз хизматчиёни давлатӣ иборат аст ва тавассути ваколатҳои ҳокимиятӣ вазифаи муайяни давлатиро иҷро мекунад.

Муассиса – созмоне, ки дар ягон соҳа фаъолият мекунад.

Вобаста ба функсия ва вазифа муассиса зертобеи мақомот мешавад. Масаалан, беморхонаҳо зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аст, ки Вазорати тандурустӣ худ мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст