Маҷоз чист? Мачоз дар адабиёт

0

# Савол

Маҷоз чист? Мачоз дар адабиёт

# Ҷавоб

Маҷоз калимаи арабист, маънои луғавияш маҳалли гузаштан, гузаргоҳ; ғайри ҳақиқат аст.

Дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист. Агар шоир ё нависанда дар асари худ калима ё таркиберо ба маънои ғайриаслӣ истифода бараду он маънӣ аз ҷиҳате ба маънои аслӣ монанд бошад, онро маҷоз меноманд.

Масалан, агар гӯем, ки фалонӣ пояшро ба андозаи кӯрпааш дароз накардааст, чунин маъно дорад, ки ӯ кореро ба зимма гирифтааст, ки аз уҳдааш намебарояд, яъне зӯраш намерасад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)