#Савол
Конунхои иктисоди. Мафҳуми «қонунҳои иқтисодӣ»-ро шарҳ диҳед.
#Ҷавоб
Дар зери мафҳуми қонунҳои иқтисодӣ робитаҳои доимӣ, устувор, ҳамешатакроршаванда ва аз якдигар вобастаи байни ҳодисаҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад. Қонунҳои иқтисодӣ дар маҷмӯъ низоми қонунҳои иқтисодӣ ва қонуниятҳои рушди ҷамъиятро ташкил медиҳанд. Дар назарияи иқтисод қонунҳои иқтисодиро ба қонунҳои хоси иқтисодӣ ва қонунҳои умумии иқтисодӣ ҷудо менамоянд.