Кудак номи Муҳаммадро бардошта натавониста бемор шуд

0

# Савол

Агар кӯдаке номи яке аз бузургони Исломро (Муҳаммад (с) ё дигар номҳои бузургон) дошта бошад ва тез-тез бемор шавад, мегӯянд, ки кӯдак ин номро “бардошта натавонист”, номашро иваз намоед, сиҳҳат хоҳад шуд. Аз нигоҳи Ислом то куҷо ин ақида дуруст аст? Қаблан, ташаккур.

# Ҷавоб

Тансиҳҳатӣ ё бемории инсон ба номи ӯ ягон рабте надорад, балки ин тақдири азалии илоҳӣ аст. Бояд банда ба андозаи тавоноияш баҳри беҳдошти саломатии худ ё фарзандаш саъйу талош намояд. Он сухане, ки дар ин маврид мегӯянд, асоси шаръӣ надорад. Номи инсон фақат дар ҳолате иваз карда мешавад, ки маъно ва мафҳуми нодуруст ва хилофи шариат дошта бошад. Худованд ба бемори шумо шифои оҷил ва сиҳҳати комил ато фармояд.

Шӯрои уламо (941)


# Савол

Як шахс ба фарзандаш номи Муҳаммад гузоштааст, баъзе хешовандонаш гуфтаанд, ки ин ном ба писари Шумо вазнинӣ мекунад. Оё ин сухан дуруст аст ё не?

# Ҷавоб

Номи зебо гузоштан ба фарзанд ин вазифаи ҳар як падару модар аст. Бояд ба фарзанд номе гузошта шавад, ки дар оянда аз номи худ ҳаё накунад, балки ифтихор дошта бошад.

Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Дар рӯзи қиёмат банда ба номаш нидо карда мешавад”. (Абӯдовуд).

Ақидаи нафароне, ки мегӯянд, ин ном ба фарзанд вазнинӣ мекунад, асоси воқеъӣ ва шаръӣ надорад.

Ин ном муборак аст ва дар ҳадис низ омадааст: “Фарзандҳоятонро бо номи Пайғамбар (с) ном бигзоред”.

Дар ҳадиси дигар чунин омадааст: “Маҳбубтарин ном дар назди Худованд Абдуллоҳ ва Абдураҳмон аст”. (Бухорӣ).

Шӯрои уламо (294)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст