Дуои озах кадом аст? Лутфан дуои озахро нависед

0

# Савол

Дуои озах кадом аст? Лутфан дуои озахро нависед.

# Ҷавоб

Дар шароити имрӯза барои дур кардани озах доруҳои муносиб вуҷуд доранд, хуб мешуд, ки барои муоилиҷаи он ба табиб муроҷиат мекардед.

Аммо тариқи муолиҷаи шаръии озах чунин аст, ки сарангушти шаҳодатро бо оби даҳон тар намуда, ба рӯи хоки пок мегузорад, сипас ангушти хоколудашро ба рӯи озах молида, ин дуоро мехонад:

«Бисмиллоҳ, турбату арзино бириқати баъзино, юшфо сақимуно биизни Раббино».

Тарҷума: Ба номи Худо, ба изни Парвардигори мо бо оби даҳони баъзе аз мо, бемори мо шифо дода мешавад.

Умед аст, ки ба изни Парвардигор озах аз вуҷудаш нест мегардад.

Шӯрои уламо (1450)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст