Субъект ва объект чист? (дар иктисод)

2

#Савол

Субъект ва объект чист? (дар иктисодиёт)

Аз: Воҳид

#Ҷавоб

Савол нофаҳмо аст. Субъект ва объект дар якчанд самт мавҷуд аст:


Субъект ва объект дар МОЛИКИЯТ

Ба сифати субъекти моликият – на фақат шахсиятҳову ташкилотҳои мутасаддӣ, балки субъектҳои номуайян низ номбар карда мешаванд. Масалан, давлат, ё худ ҷомеа ва ғайра.

Объекти моликият – чиз ва воситаҳое мебошанд, ки мустақим ё ғайри мустақим аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ аз худ карда мешаванд.

Ба ҷумлаи онҳо предмет ва воситаҳои меҳнат – замин, захираҳои табиат, ашё, материал (мавод), қувваи барқ, иттилоот, молу мулк, пул, қоғазҳои қимматнок, қувваи коргарӣ, маҳсули маънавӣ ва мадании инсон… дохил карда мешавад. >> пурра


Субъект ва объектҳои иқтисодӣ

Дар шароити бозор шахсиятҳое, ки ягон кор ё худ амалиёти иқтисодиро анҷом медиҳад – субъектҳои иқтисодӣ номида мешавад. Ба субъектҳои иқтисодӣ дохил мешаванд: фардҳо (шахсҳои алоҳида), оила, гурӯҳ, коллектив, корхона, ширкат ва фирмаҳои амалкунанда, давлат ва ғайра.

Иқтисод бидуни объект, яъне мазмуни моддӣ вуҷуд дошта наметавонад. Фаъоллияти хоҷагидорӣ маҳз дар меҳвари иттисоли субъект ва объекти иқтисодӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ин лиҳоз, дар адабиёти иқтисодӣ ба ҳайси унсурҳои асосии таркибии иқтисод, ё худ объекти иқтисод инҳоро номбар мекунанд: >> пурра


Субъект ва объекти соҳибкорӣ инҷо <<

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
2 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
А д
А д
1 сол пеш

Калимаи объект аз кадом калимаи гирифта шудааст фа ба забони точики чи хел тарчума мешавад

Хочиев
Хочиев
4 моҳ пеш

Амсилаи додохо чистанд