Кадом рӯзҳо рӯза гирифтан макруҳ аст?

0

# Савол

Кадом рузхо руза гирифтан макрух аст? Дар давоми сол дар кадом рӯзҳо рӯза доштан макрӯҳ аст?

# Ҷавоб

Рӯзаҳои макруҳ инҳоянд:

1) як рӯз ё ду рӯз пеш аз моҳи Рамазон;

2) дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ва дар рӯзҳои ташриқ (яъне се рӯзи баъд аз иди Қурбон);

3) рӯзаи висол, яъне ду рӯзро бо ҳам васл намуда, пайдарпай рӯза доштан ва дар байни онҳо ифтор накардан;

4) рӯзаи самт (хомӯшӣ), яъне рӯза мегирад, ки хомӯш меистад ва ҳеҷ сухане намегӯяд. Ин навъи рӯза дар дини Ислом ибодат ба ҳисоб намеравад.

5) рӯзаи даҳр, яъне дар тӯли сол ҳар рӯз рӯза гирифтан, зеро чунин навъи рӯза шахси рӯзадорро заъифу нотавон намуда, ба саломатии ӯ зарар дорад.

Шӯрои уламо (161)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)