Дар Аттаҳийёт хондан баъзеҳо ангушташонро мебардоранд, дуруст аст?

0

# Савол

Дар ташаҳҳуд баъзе нафарон ангушти саббобаро мебардоранд, оё ин дуруст аст? Дар намоз, ҳангоми нишастан, вақти ташаҳҳуд хондан баъзеҳо ангушташонро мебардоранд, дуруст аст?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ишора кардан бо ангушт дар вақти хондани “Аттаҳийёт” амали хуб аст ва маҷбурӣ нест, вале ин амал набояд сабаби фитна шавад.

Шӯрои уламо (1567)


# Савол

Оё дар намоз дар вақти хондани “Аттаҳийёт” ангуштро бардоштан дуруст аст ё на? Чунки ман дар масҷидамон бисёр шахсонро мебинам, ки чунин корро анҷом медиҳанд. Илтимос пурра ҷавоб диҳед.

# Ҷавоб

Ишораи саббоба аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ як амри мустаҳаб ва машруъ мебошад. Азбаски мардуми авом тарзи дуруст анҷом додани онро намедонанд, бинобар ин, баъзе аз фуқаҳои Мовароуннаҳр ин амалро манъ кардаанд. Аз ҳамин сабаб ишораи саббоба дар урфи мардуми мо роиҷ нашудааст.

Шӯрои уламо (822)


# Савол

Дар вақти хондани «Аттаҳийёт» беъзеҳо як ангушти худро мебардоранд, ҳамин чӣ маъно дорад.

# Ҷавоб

Ин амал агар дар ҷои худаш анҷом ёбад, суннат ба шумор меравад. Яъне дар вақти гуфтани «Ло илоҳа…» ангушти шаҳодат бардошта шуда, ҳангоми гуфтани «иллаллоҳ» гузошта шавад, пас суннат аст ва боиси аҷру савоб аст. Аммо агар дар ҷои худаш анҷом нагирад ва тарк шавад, боке надорад ва намоз бе кароҳат адо мешавад. Агар ин амал сабаби фитна ва ё муноқишаи беҳуда гардад, тарк карданаш беҳтар аст.

Шӯрои уламо (485)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст