# Савол
Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ.
Чунайдуллохи Хозик кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Чунайдуллохи Хозик.
# Ҷавоб
Ҳозиқ дар миёнаи солҳои 80-уми асри XVIII таваллуд шудааст. Зодгоҳи ӯ маҳаллаи Кархи Ҳирот мебошад.
Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ 14-уми январи соли 1843 дар вилояти Шаҳрисабз вафот кардааст.
# Намунаи ашъор
То бувад сулҳ ҷанг натвон кард,
Ҷанг бошад диранг натвон кард.
Шоҳ бояд хурад ғами олам,
На ки з-он олам фитад дар ғам.
Даме расид ба хотир, ки сӯи Рум равем,
Ки шояд ин дили ғамгин шавад нишотпазир.
Зи сайри шом гаҳе рехт бар дилам савдо,
Ки субҳи айш дамад шоядам зи шоми замир.
Шикаст фикри Ҳалаб гоҳ шиша дар роҳам,
Намуда гоҳ Фарангам дар ойина тасвир.
Гаҳе зи Ҳинд намак рехт дар дили решам,
Гаҳе зи Миср шакар ёфт тӯтии тақрир.
