Ҷазои асосӣ чист? Ҷазои иловагӣ чист?

0

# Савол

Ҷазои асосӣ чист? Ҷазои иловагӣ чист? Чазои асоси чист? Чазои иловаги чист?

# Ҷавоб

Ҷазои асосӣ гуфта он ҷазоҳоеро меноманд, ки танҳо ба сифати ҷазоҳои мустақил таъин карда мешаванд, яъне ҳамчун ҷазои иловагӣ якҷоя бо дигар намуди ҷазо пешбинӣ намудани онҳо номумкин аст.

Ин намуди ҷазо танҳо дар сурате таъин карда мешавад, ки дар санксияи меъёри ҳуқуқӣ номбар карда шуда бошад. Корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои қатл танҳо ба сифати ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд.

Ҷазоҳои иловагӣ гуфта, он ҷазоҳоеро меноманд, ки ба сифати ҷазоҳои мустақил таъин карда намешаванд ва ҳамчун ҷазои иловагӣ якҷоя бо дигар намуди ҷазои асосӣ татбиқ карда мешаванд.

Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвони ифтихории Тоҷикистон, инчунин мусодираи амвол танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ истифода мешаванд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)