# Савол
Ҷаҳонбинии илмӣ чист? (фалсафа) Чахонбинии илми чист?
# Ҷавоб
Ҷаҳонбинии илмӣ маҷмӯи ақидаҳои илман асосноккардашуда ва мавзун мебошад, ки дар хусуси қонуниятҳои уневирсиуми ташаккулёбанда маълумот дода, мавқеи ҳаётӣ ва барномаи рафтори одамонро муайян месозад.
Фарқи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷаҳонбинии динӣ он аст, ки ҷаҳонбинии илмӣ манзараи оламро тавассути мафҳумҳо, назарияҳо, далелҳои мантиқӣ ва исбот ба вуҷуд меоварад, ҳол он ки барои дин эътиқод ба қувваҳои фавқуттабиӣ, умед бастан ба ваҳй ва исботнопазирии мантиқии «догмат»-ҳо хос мебошад.
