Истифодаи зару зевар барои зани дар ҳолати эҳром дуруст аст?

0

# Савол

Истифодаи зару зевар барои зане, ки дар ҳолати эҳром аст, дуруст аст ё на? Истифодаи зару зевар барои зане, ки дар холати эхром аст, дуруст аст ё на?

# Ҷавоб

Бале, занҳое, ки дар эҳром қарор доранд, истифодаи зару зевар ва пӯшидани либосҳои абрешимин барояшон боке надорад. Дар китоби “Бадоеъус-саноеъ”, роҷеъ ба ин масъала чунин баён мекунад: “Назди аксари уламо барои занҳое, ки дар эҳроманд, пӯшидани либосҳои абрешимин ва ороиш бо ҳар гуна зару зевар боке надорад”. (“Бадоеъус-саноеъ”, ҷ. 2, с. 410)

Шӯрои уламо (2779)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)