Истеъмоли дору барои фарбеҳ ё хароб шудан ҷоиз аст?

0

# Савол

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, имрӯз ҷавонон барои фарбеҳ ва тануманд кардани худ аз доруҳо истифода менамоянд. Оё истифода ва истеъмоли чунин доруҳо барои фарбеҳ ва лоѓар кардани бадан дар дини Ислом дуруст аст?

# Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, истеъмоли чунин доруҳо ҳарчанд баданро шукуфо месозанд, вале зарарҳои гуногун ба ҷисми инсон мерасонанд. Аз ин хотир, истифода кардани чунин доруҳо раво нест, зеро ки ҳар чизи зараровар ба ҷисм ё рӯҳи инсон ҳаром аст.

Шӯрои уламо (1421)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст