Дар моҳи Рамазон дар дарё оббозӣ кардан ҷоиз аст?

0

# Савол

Дар моҳи Рамазон дар дарё оббозӣ кардан ҷоиз аст?

Оё дар моҳи Рамазон дар дарё оббозӣ кардан ҷоиз аст ё на? Мегӯянд, ки дар ваннаи пуроб нишастан дуруст нест, чунки эҳтимол дорад ба бадан об ворид шавад. Шариат чӣ мегӯяд?

# Ҷавоб

Оббозӣ кардан дар моҳи Рамазон дуруст аст, хоҳ дарё бошад ва ё ҳавз. Муҳим ин аст, ки эҳтиёт намояд, то ки аз даҳон ё биниаш об надарояд.

(“Муснад”-и Аҳмад, ҷ. 3, с. 475; “Ҳидояи шариф”, китоби савм)
Шӯрои уламо (1175)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст