# Савол
Ҳаҷҷи акбар дар кадом вақт рост меояд. Мегӯянд, ки агар рӯзи Арафа рӯзи ҷумъа бошад, ҳаҷҷи акбар аст, оё ин дуруст аст?
Хаччи / хачи акбар дар кадом вакт рост меояд. Мегуянд, ки агар рузи Арафа рузи чумъа бошад, хаччи акбар аст, оё ин дуруст аст?
# Ҷавоб
Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки агар вуқуфи Арафот ба рӯзи ҷумъа рост ояд, онро ҳаҷҷи акбар меноманд. Зеро он соле, ки Расули Худо (с) ҳаҷ анҷом доданд, вуқуфи Арафот дар рӯзи ҷумъа буд. Ин қавли баъзе уламои Ислом аст, аммо қавли аксари уламо бар ин аст, ки ҳаҷҷи акбар ҳаҷҷи ҳарсоларо гӯянд, ҳаҷҷи асғар бошад, ин умра аст, ҳамин қавл дуруст аст.
Шӯрои уламо (655)
