Назди фолбин рафтан барои гарм кардани шавҳар

0

# Савол

Ман барои вайрон нашудани оилаамон чанд бор ба назди фолбин рафтам. Ӯ гуфт, ки ҳар моҳе биё, туро бо шавҳарат гармӣ мекунам. Ман ду бор ин корро кардам, намедонам, ки Худованд маро мебахшад ё на? Домуллои муҳтарам, оё ин кори ман дуруст аст ё на? Баъзеҳо мегӯянд, ки агар зан шавҳари худро гармӣ кунад, гуноҳ нест.

# Ҷавоб

Ин коре, ки шумо анҷом додед, тавбаву истиғфор мехоҳад, шумо сидқан аз ин амали анҷомдоди худ пушаймон шавед ва аз Худованд омурзиш бихоҳед. Масъалаи меҳру муҳаббат ва вафодории шавҳаратонро болои саҷҷода (ҷойнамоз) ҳал кунед, намоз бигузоред ва ҳама мушкилоти моддӣ ва маънавиатонро дар охири намоз аз Парвардигори меҳрубон талаб кунед.

Илова бар ин, барои меҳру муҳаббати шавҳарро ба даст овардан шумо бояд бо шавҳаратон бо қалбу чеҳраи кушода муносибат кунед ва дар зиндагӣ самимӣ бошед, иншоаллоҳ ҳамон меҳреро, ки мехоҳед, ба даст меоред ва ба мақсуди худ мерасед. Худованд ба ҳамаи шумо зиндагии гуворо ва хайру баракат ато фармояд.

Шӯрои уламо (1063)


Аз сомона: Фолбинҳо сароҳатан имон ба ислом надоранд ва кофир ҳастанд, ҳангоми назди онҳо рафтан ва ба сухани онҳо бовар кардан хатари аз даст додани имон аст. Аз ин масъала огоҳ бошед ва ба назди фолбину ҷодугарҳо наравед.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст