# Савол
Дар ҷои мо агар ҳайвоне ҳаром шавад, гӯшти онро баъзе нафарон харида, ба саг ё гурбаҳояшон медиҳанд. Оё ин кори онҳо аз нигоҳи шариат дуруст аст ё не
# Ҷавоб
Гӯшти худмурда ва ё ҳайвоне, ки гӯшташ ҳаром аст, нопок ва ҳаром буда, хӯрдан ва хариду фурӯши он дуруст нест. Дар масъалаи мазкур низ харидани гӯшти худмурда дуруст нест. Лекин агар бидуни харидан ба гурбаҳо ё сагҳо дода шавад, боке надорад.
(“Фатовои Раҳимия”, ҷ. 10) Шӯрои уламо (292)
