Гуноҳони кабира кадомҳоянд? Гуноҳи сағира чист?

0

# Савол

Гуноҳони кабира кадомҳоянд? Агар имконият мебуд, онҳоро ботартиб менавиштед. Гуноҳи сағира чист?

Гунохони кабира кадомхоянд? Гунохи сагира чист?

# Ҷавоб

Дар теъдоди гуноҳони кабира миёни уламо ихтилофи назар аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) теъдоди гуноҳони кабираро ҳафт то, аммо Абдуллоҳ ибни Аббос (р) теъдоди онҳоро қариб ҳафтод то гуфтаанд.

Расули Худо (с) дар ҳадисе чунин фармудаанд: “Аз ҳафт амале, ки сабаби ҳалокати шумо аст, парҳез кунед: Ширк овардан ба Худо, сеҳру ҷоду кардан, куштани худ ё шахси дигар, рибо хӯрдан, хӯрдани моли ятим, гурехтан дар рӯзи ҷанг, туҳмат кардани занони покдоман”.

Худованд муҷозоти гуноҳони кабираро муайян кардааст ва фақат ба тавба бахшида мешаванд. Ғайр аз гуноҳони кабира боқимонда гуноҳони сағира ҳастанд, ки бо анҷом додан амали нек бахшида мешаванд.

(“Мирқотул-мафотеҳ”, ҷ. 1, с. 207-208)
Шӯрои уламо (1305)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст