# Савол
Гул чист? Таърифи гул аз фанни ботаника
# Ҷавоб
Гул гуфта навдаи кӯтоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухмӣ хизмат мекунад.
Одатан пояи асосӣ ё паҳлуӣ бо гул ба итмом мерасад. Ҳар гул аз муғҷагул инкишоф меёбад. Қисми поягии гул агар гулпоя ва гулбандро дар бар гирад, косабарг, гулбарг, гардбарг ва тухмдон аз баргҳои шаклдигаркарда ба вуҷуд омадаанд.
