Юсуф (а) зеботар буд ё Ҳазрати Муҳаммад (ﷺ)?

0

# Савол

Паёмбар Юсуф (а) ё паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (с. а. в) зеботар буданд? Илтимос ҷавобашро интизорам.

Аз Иброҳим

# Ҷавоб

Ассалому алайкум Бисмиллоҳ: Олимон дар ин мавзу ихтилофи фаҳмиш доранд. Яқ гуруҳ аз олимон эътиқод доранд, ки ҳазрати Юсуф алайҳиссалоту вассалом дар ҷамол ва зебогии чеҳра аз ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом зеботар буданд.

Зеро Расули Аллоҳ  ﷺ  гуфтаанд:… шаби меъроҷ дар осмони 3 саввум Юсуфро дидам, ки нисфи зебогии дода шуда аст…

Гуруҳи дигар аз олимон эътиқод доранд, ки ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом зеботар аз ҳазрати Юсуф алайҳиссалоту вассалом ҳастанд. Зеро ривоят аст, Расули Аллоҳ  ﷺ  гуфтаанд: Аллоҳ Ҳама Паёмбаронро бо чеҳра ва садои зебо халқ карда аст ва паёмбари шумо зеботанин ва хушовозтарини онҳо аст. (Р/Тирмизи)

Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст