Оё номи Манучеҳр номи исломи аст?

0

# Савол

Оё номи Манучеҳр номи исломи аст

Номи ман Манучехр. Мехоҳам донам, ки номи ман номи исломи аст ва чӣ маънӣ доштани номи худро мехостам донам. Маънои номамро гуфтаанд, вале пурратар мехостам донам. Ташаккури зиёд пешакӣ.

Аз Манучеҳр

# Ҷавоб

Бародари азиз, номи Манучеҳр дар асл Минучеҳр аст ва аз ду ҷузъи “мину” ва “чеҳр” таркиб ёфтааст. Маънои “мину” биҳишт ва маънои “чеҳр” рў ва симову чеҳраро ифода мекунад. Пас маънои Минучеҳр биҳиштирў мешавад, яъне касе, ки симои биҳиштӣ дорад. Гузоштани ин ном аз нигоҳи шариати Ислом дуруст аст ва ҳеҷ ишколе надорад.

Шӯрои уламо (2727)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст