#Савол
Феълҳои мустақил ва ёридиҳанда кадомҳоянд? Феълхои мустакил ва ёридиханда кадомхоянд? (Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Феълҳоро аз рӯйи вазифа, истеъмол ва хусусияти маъноияшон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: мустақил ва ёридиҳанда (ёвар). Феълҳои мустақил вазифаи грамматикиашонро бевосита, бе ёрии ҳиссаҳои дигар анҷом медиҳанд: рафтан, дидан, шунидан, ёфтан…
Феълҳои ёридиҳанда дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ иштирок мекунанд: омада истод, рафта истода буд, азоб кашидан, дӯст доштан…
