# Савол
Дуои шустани мурда / майит. Ҳангоми шустани майит ягон дуо хонда мешавад ва дар ин замина ягон дуое ҳаст?
# Ҷавоб
Дар ҳолати шустани майит ғассол ин дуоро мехонад: “Ғуфронака ё Раҳмон”, яъне: Эй Худойи бахшоянда, омурзиши Туро хоҳонем. (“Мароқил-фалоҳ”, боби ҷаноиз, ҷ. 1, с. 374)
Ҷавоб аз Шӯрои уламо (1973)