# Савол
Дар баромадани ҳар моҳ мардум дуоеро мехонанд ва мегӯянд, ки ҳар ки ин дуоро бихонад, то моҳи дигар сиҳату саломат мемонад. Аз Шумо хохиш мекунам, ки ин дуоро бо забони арабӣ ва тарҷумаи тоҷикӣ ба мо менавиштед.
# Ҷавоб
Ҳазрати Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) ҳар гоҳ моҳи навро медид, ин дуоро мехонд:
( اللَّهُمَّ أهِلَّهُ عَلَيْنَا بِالأمْنِ وَالإيمانِ ، وَالسَّلاَمَةِ وَالإسْلاَمِ ، رَبِّي وَرَبُّكَ اللهُ ، هِلالُ رُشْدٍ وخَيْرٍ )
«Аллоҳумма аҳиллаҳу ъалайно бил-амни вал-имони вас-саломати вал-ислом. Раббӣ ва Раббукаллоҳ, ҳилолу рушдин ва хайр».
«Бор Худоё! Ин моҳро боамну имон ва саломатию ислом бар мо нав кун. Парвардигори ману ту Аллоҳ аст. Моҳи ҳидояту хайр бош». (Ривояти Тирмизӣ).
Шӯрои уламо (17)
