Давраҳои мурофиаи гражданӣ кадомҳоянд?

0

# Савол

Давраҳои мурофиаи гражданӣ кадомҳоянд? Мурофиаи граждани аз кадом давраҳо иборат аст?

Даврахои мурофиаи граждани кадомхоянд? Мурофиаи граждани аз кадом даврахо иборат аст?

# Ҷавоб

Давра дар мурофиаи гражданӣ маҷмӯи амалиёти мурофиавии ба ҳам алоқаманд аст, ки барои ба даст овардани мақсади наздиктарин равона шудаанд.

Мурофиаи гражданӣ аз ҳафт давра иборат аст, ки бо дар назардошти пайдарҳамии мантиқӣ ба тариқи зайл сурат мегиранд:

  1. оғоз намудани парвандаи гражданӣ;
  2. омода намудани парвандаи гражданӣ ба муҳокимаи судӣ;
  3. муҳокимаи судии парвандаи гражданӣ;
  4. истеҳсолоти иҷро;
  5. истеҳсолот дар марҳилаи кассатсионӣ;
  6. истеҳсолот дар марҳилаи назоратӣ;
  7. истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда.

Муфассал >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)