Даромади воқеи (реали) чист?

0

# Савол

Даромади воқеӣ (реалӣ) чист?

# Ҷавоб

Даромади воқеӣ (реалӣ) — даромаде мебошад, ки аз ҳисоби он субъектҳои иқтисодӣ қодиранд мол ва хизматҳои заруриро дар шароитҳои зарурӣ ва давраҳои муайян ба даст оранд.

Даромади воқеӣ қисми даромади исмие мебошад, ки баъд аз пардохтҳои муқарраргардида (андоз, суғурта, пардохти ҳаққи газ, барқ, телефон….) боқӣ мемонад.

Дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ на аз рӯи даромади исмӣ, балки даромади воқеӣ муайян карда мешавад. Аз ин нигоҳ он ҳамчун нишондиҳандаи муайянкунандаи тарзи зиндагӣ ва дараҷаи рифоҳи ҷомеа қадр карда мешавад.

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст дар ҳар як давлат, новобаста аз он ки одамон ба ивази меҳнати худ музд ва аз корхона, ташкилотҳо ва давлат ёрдампулию имтиёзҳо мегиранд, нобаробарии даромад ҳис карда мешавад. Охирон, тибқи ақоиди марксистчиён ҷомеаро ба гурӯҳ ва табақаҳои сиёсию иҷтимоӣ — бою камбағал, коргару капиталист, сарватманду бенаво ва ғайра ҷудо месозад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст