Дар рӯзи панҷшанбе либос шустан (мағзоба кардан) дуруст нест?

0

# Савол

ба наздики бобоям аз дунё гузашт, Худо раҳматаш кунад. Модарам аз ман хоҳиш кард, ки як – ду суолеро аз Шумо пурсам. Мегӯяд, ки рӯзҳои панҷшанбе мағзоба, яъне хафи собун кардан мумкин нест. Оё ин ягон ҳақиқат дорад?

Дар рӯзи панҷшанбе либос шустан (мағзоба кардан) дуруст нест?

# Ҷавоб

Барои бобоятон Қуръон хонед, намоз гузоред ва ё садақот кунед, барои ӯ фоида дорад. Суханҳои модаратон ягон асоси шаръӣ надорад, балки аз ҷумлаи хурофот аст. Дини мубини Ислом ҳамеша покиро тарғиб мекунад ва тозагӣ кори савоб мебошад.

Шӯрои уламо (601)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)