# Савол
Дар мазорҳо қадамҷоҳо куштани чорво дуруст аст? Дар бисёр ҳолатҳо чунин мегӯянд: “Агар ман фарзанддор (саломатӣ ва ғайра) шавам, дар фалон мазор худоӣ мекунам”. Оё ин дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) иҷозат аст?
# Ҷавоб
Дар мазорҳо куштани чорво аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ҳаром нест, вале хубтар он аст, ки чорворо дар маҳалли зисти худ забҳ кунад ва ба дигарон ба таври хом ва ё пухта тақсим намояд. Сипас оёте чанд аз Қуръон тиловат намуда, савоби онро ба соҳиби мазор ё дигар гузаштагон бибахшад.
Муҳим он аст, ки дар вақти забҳи чорво “Бисмиллоҳ”-ро қасдан тарк накунад.
Шӯрои уламо (820)
