Дар дохили қабристон намози ҷаноза гузоридан ҷоиз аст?

0

# Савол

Оё дар дохили қабристон намози ҷаноза гузоридан ҷоиз аст ё не? Чунки дар баъзе минтақаҳо дар дохили қабристон мардум ҷаноза мехонанд.

# Ҷавоб

Агар дар дохили қабристон ҷои холӣ бошад ва дар пешорӯи намозгузорон қабр набошад ё ин ки қабр мавҷуд буда, вале аз чашми намозгузорон дуртар бошад, дар ин сурат намози ҷаноза бекароҳият дуруст аст. Дар ғайри ин сурат макрӯҳ аст, чунки аз Имом Абуҳанифа нақл аст, ки фармуданд: “Намози ҷаноза хондан дар байни қабрҳо писандида нест”. (“Бадоеус-саноеъ”, ҷ. 1, саҳ. 315, боби “Салоти ҷаноза”).

Шӯрои уламо (318)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст