Дар бозихои букмекери бози кардан ҷоиз аст?

0

# Савол

Ман гоҳ-гоҳ дар букмекерский маблағ гузошта бозӣ мекардам, вале то имрӯз гуноҳ будани онро намедонистам. Дар як сомона хондам, ки маблағ мондан баробари зино бо модар аст. Алҳол ман дар ҳолати ноҳинҷор қарор дорам ва тавба кардам. Илтимос, ба ман фаҳмонед, ки каффорати ин гуноҳ чист?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи шариат ҷазои гуноҳон муайян ва мушаххас аст ва Худованд гуноҳи бандаро мебахшад, модоме ки сидқан тавба кунад ва аз он даст кашад. Шумо аз Худованд истиғфор ва омурзиш бихоҳед, агар имкон дошта бошед, хайру эҳсон кунед, намоз гузоред, иншоаллоҳ гуноҳонатон омурзида мешавад.

Шӯрои уламо (1923)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст