Дар бораи Ҳаҷ. Мақоми Ҳаҷ #11

0

Суоли шаръӣ – 11. Дар баёни макоми Хач

ҳаҷ макка каъба хач хадж


Дар баёни мақоми Ҳаҷ

Суол:

Дар бораи Ҳаҷ. Мақоми Ҳаҷ.

Ҷавоб:

Ҳаҷ дар дини Ислом ҷойгоҳи бузургу мақоми воло дорад, зеро он яке аз фаризаҳои илоҳӣ, балки яке аз рукнҳои дини ислом аст.

Паёмбар (с) фармудаанд:

{بُنِيَ الْإِسْلَامُ على خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إلا الله وَأَنَّ مُحَمَّدًا رسول اللَّهِ، وَإِقَامِ الصَّلَاةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَالْحَجِّ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ}.

صحيح البخارى – (1 /12)

“Ислом бар панҷ сутун бино ёфта аст: гувоҳӣ додан бар ин ки ғайр аз Аллоҳ Таъоло маъбуди барҳақе нест ва инки Муҳаммад (с) фиристодаи барҳақи Ӯст.

Ва барпо намудани -панҷ вақт- намоз ва пардохт намудани закоти мол ва ҳаҷ намудан ва рӯзаи моҳи рамазоро доштан”. (ривояти Бухорӣ)

Ҳаҷ мактабест, ки дар он шахси мусалмон дар тоату ибодат ва ин чунин садоқат ба Аллоҳ ва тарки хоҳишоти нафс ва дурӣ аз лаззату зинатҳои дунё тарбия мешавад.

Инчунин, мусалмонон дар ҳаҷ ҳастию ҳамбастагӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва дастгирию пуштбонӣ ва дигар дарсҳои ибратомезро меомузад.

Аллоҳ Таоло мефармояд:

{إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكًا وَهُدًى لِلْعَالَمِينَ (96) فِيهِ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ مَقَامُ إِبْرَاهِيمَ وَمَنْ دَخَلَهُ كَانَ آمِنًا وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلا وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ (97)}.

“Ба дурустӣ аввалин хонае ки барои (ибодати) мардумон муқаррар карда шуд, ҳамонест, ки дар Макка аст. Муборак ва барои оламиён ҳидоят аст. Дар он хона нишонаҳои равшан, мақоми Иброҳим аст; ҳар ки дар он ҷо дарояд, эмин бувад. Ҳаҷҷи Хонаи Каъба барои Аллоҳ бар мардумон, бар ҳар касе фарз аст, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дорад. Ва ҳар ки кофир шавад, пас Аллоҳ аз ҳамаи оламиён Бениёз аст”. (Сураи Оли Имрон/96,97).

Ҳаҷ ин ҳиҷрат ба суи Аллоҳи Мутаол ва пазируфтани даъвати Ӯ Таолост.

Мавсимест, ки дар он мусалмонон бо шавқи тамом ва руҳияи тоза ҷамъ меоянд, то баҳраҳое, ки барояшон насиб мегардад, дар зеботарин маконе ки Аллоҳ онро гиромӣ гардондааст, ҳозир бошанд ва ба адст оранд.

Ибодату ойинҳои ислом ҳама ба манфиати мусалмонон дар дунёву охират нигаронида шудааст. Бинобар ин, ҳаҷ ибодатест, ки мусалмонон ба Офаридгори худ наздик мешаванд, то нафсҳояшон пок ва дилҳояшон шифо ёбад. Бинобар ин, онҳо бар як меҳру муҳаббати самимона бо як дигар вомехуранд. Пайванди имонии онон бо вуҷуди дурии кишварҳо ва дигаргунии сарзминҳо онҳоро бо ҳам мепайвандад.

Чунки яке аз ҳадафҳои ислом ҷамъ намудани мардум аз ҷиҳати фикру ақида, ваҳдату сарҷамъӣ ва ин чунин раҳнамои намудани мусалмонон ба василаҳоест, ки дар умури зиндагӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба онҳо кумак мекунад.

Дар ин ибодати бузург баробарӣ низ мебошад, баробарие, ки арзиши бузурги ва волои исломист, фарқе миёни бузургу зишт, калону хурд нест, ҳама баробаранд ва миёни онҳо ҷуз парҳезгорӣ ва амали нек ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад.

Ҳаҷ ин худ як тарбиятгоҳ аст, ки дар он бо риоя намудани фармудаҳои Парвардигор нафсҳо пок ва дилҳо нарм мегардад ва инчунин боиси он мешавад, ки нафс дар ин майдон итоату истодагарӣ ва таҳаммулу қаноатмандиро биомӯзад.

Ҳаҷ таҷассумгари тамаддуни исломӣ аст, аз ин ру мусалмонон ҳангоми адои маносики ҳаҷ падарамон Иброҳим, писарашон Исмоил ва модарамон Ҳоҷарро ба ёд меоранд.

Ин баёдоварӣ боиси он мегардад, ки мусалмонон тарихи худро шиносад ва бо пайанди худ ба дуриҳои таърих эҳсоси иззату ифтихор намояд.

Дар ҳаҷ ҷудоӣ ва дурӣ аз дунё аён меградад, зеро шахси мусалмон молу вақти худро фидои адои ин ибодат мекунад, рағбат ба матои дунё надошта, танҳо умедаш аз саховатмандии Парвардигораш ин аст, ки бо ҳаҷҷи пазируфта ва гуноҳи мағфиратшуда баргардад.


Суоли 11, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 30.06.2022.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)