Бадриддин Ҳилолӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?

0

# Савол

Бадриддин Ҳилолӣ кай таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Бадриддин Ҳилолӣ.

Бадриддин Хилоли кай таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Бадриддин Хилоли.

# Ҷавоб

Бадриддин Ҳилолӣ тақрибан соли 1470 дар Астарободи Хуросон ба дунё омадааст. Ӯро моҳи октябри соли 1529 аз ҷониби султони ӯзбекҳои шайбонӣ Убайдуллохон, ки Ҳиротро забт карда буд, бо туҳмати он ки шоир аз мазҳаби шиъа аст, ба қатл расонд.

# Намунаи ашъор

Дар олами бевафо касе хуррам нест,
Шодию нишот дар банӣ Одам нест!
Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест,
Ё одам нест ё аз ин олам нест!

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз,
Баҳри дили хаста чорасоз омад боз.
Умрам ҳама рафта буд аз рафтани ӯ,
Сад шукр, ки умри рафта боз омад, боз.  >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)