Оё баъд аз намоз дастаҷамъона се бор дуо кардан ҷоиз аст?

0

# Савол

Оё баъд аз намоз дастаҷамъона се бор дуо кардан ҷоиз аст? Лутфан гӯед, ки Паёмбар (с) ин амалро иҷро мекарданд ё на. Ягон ҳадис ё ривоят меовардед, бисёр хуб мешуд. Худованд ба шумо ҷазои хайр диҳад.

# Ҷавоб

Бародари азиз, дуои дастаҷамъона асос дорад ва тибқи оят, ҳадис ва усули мазҳаби Имоми Аъзам (р) анҷом додани он дуруст аст. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд:

” كَانَ يُعْجِبهُ أَنْ يَدْعُو ثَلَاثًا “

Яъне ҳазрати Пайғамбар (с) се бор дуо карданро меписандиданд. Дар ҳадиси дигаре аз Оиша (р) омадааст:

” إِنَّ اللَّه يُحِبّ الْمُلِحِّينَ فِي الدُّعَاء “

«Худованд касонеро, ки дар дуо кардан исрор мекунанд, дӯст медорад». Ривояти Табаронӣ. Илова бар ин, яке аз усули мазҳаби ҳанафӣ урф аст ва ҳар урфе, ки бо шариат муқобил набошад, қобили қабул аст. Аз ин рӯ, се бор дуо кардан баъд аз намоз бо урф низ собит аст, зеро оммаи мардуми Мовароуннаҳр ба он амал мекунанд.

Шӯрои уламо (1901)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст