Ба зани номахрам Куръонро ёд додан мумкин аст?

0

# Савол

Ба зани номахрам Курьон хонданро ёд додан мумкин аст? Ба зани номаҳрам Қуръон хонданро ёд додан мумкин аст?

Аз Амир

# Ҷавоб

Ассалому алайкум. Бародари азиз, зан бояд аз маҳрами худ Қуръон биёмӯзад ва онро ёд бигирад, на аз марди номаҳрам.

Ҷавоб  аз Шӯрои уламо (2656)


Дар асл зан бояд назди маҳрами худ (мисли падар, модар, бародар, амак, тағо ё падар бузург) таълими Қуръон ва аҳкоми Исломи биомузад.

Аммо агар маҳорими зан фурсати таълим додани ӯро надошта бошанд, метавонад назди зани донишманде илм биомузад, агар чунин зан суроғ надошта бошад, а пас метавонад назди муаллиме илм омузад ба шарте, ки аз маҳзуроти шаръи холӣ бошад (мисли танҳо шудан бо он муаллим ё беҳиҷоби дар назди ӯ ва суҳбатҳои хориҷ аз дарс ва беодобона).

Зеро занони саҳобӣ аз мардон ва мардони саҳобӣ аз занон ҳадисҳои зиёд ривоят кардаанд. Аз барои пешгирӣ аз мафсада афзал ва беҳтар он аст, ки дар ин замон зан назди маҳрам ё зани таълимдида Қуръон ва аҳкоми Исломиро омӯзад.

Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст