#Савол
Асосҳои феъл кадомҳоянд? Асосхои феъл кадомхоянд? (Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Феъл ду асос дорад: асоси замони ҳозира ва асоси замони гузашта.
Асоси замони ҳозира иҷрои амалро дар замони ҳозира мефаҳмонад ва ба ба шахси дуюми шумораи танҳо баробар аст: рав, хон, бин, гӯй, бар.
Асоси замони гузашта амали дар замони гузашта ба анҷом расидаро меефаҳмонад ва ба шахси сеюми шумораи танҳо баробар аст: рафт, хонд, дид, гуфт.
Шаклҳои гуногуни замонии феъл аз ҳамин ду асос сохта мешаванд: рафтам, мерафтам, рафтаам, рафта будам, равам, меравам.
