Сари кабри шахси мурда дарди дил кунем, мешунавад?

0

# Савол

Асалому Алейкум, як савол доштам ҷавоб медодед хуб мешуд. Вақте ки як инсон мемирад, яъне бандагӣ мекунад, вақте ки онро гур мекунанд наздиконашон рафта дарди дил мекунанд ба сари қабраш, ҳамон шахси мурда суханҳоро мефаҳмад? Чизе ҳис мекунад?

Аз Билол

#Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, мурдагон суханони зиндагонро мешунаванд ва Худованд қобилияти шуниданро дар онҳо халқ мекунад.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2654)


Ва алайкумуссалом. Бародари азиз! масъалаи самоъи амвот (шунидани мурдаҳо суханони зиндаҳоро) яке аз масъалаҳое аст, ки аз замони саҳоба то ин замон масъалаи ихтилофист. Иддае аз саҳобагон аз ҷумла Умулмуъминин Оиша ва иддаи дигаре аз уламо аз ҷумла аксари уламои ҳанафӣ бар ин қавланд, ки мурдаҳо чизе намешунаванд.

Далели онҳо зоҳири ояҳое аст,ки Худованд самоъро аз мурдагон ва аҳли қубур нафй кардааст. Худованд дар сураи намл ояи 80 мегуяд: ” انك لا تسمع الموتى» яъне ту наметавони мурдагонро сухане бишнавони. Дар ояи 22 сураи фотир Худованд мегуяд:»و ما أنت بمسمع من في القبور» яъне ту ай паёмбар касонеро,ки дар қабранд шунаво натавони кард. Ваҷҳи истидлол аз ин оёт инаст, ки Агарчи ин оёт дар мавриди кофирони зинда аст, ки Худованд онҳоро ба сабаби нашунидан ва қабул накардани сухани ҳаққ ба мурдагон ташбиҳ (монанд) кардаст , аммо ин нафй намекунад,ки мурдагон намешунаванд. Зеро вақто нашунидани мурдагон дар назди мухотабон маъруф ва мълум буд Худованд кофирони зиндаро ба мурдагон дар нашунидани калом ташбиҳ кард. Пас ин ташбиҳ далолат мекунад,ки мушаббаҳ биҳим (яъне мурдагон)намешунаванд. Ҳамчуноне,ки масалан ташбиҳ кардани зайд дар шуҷоъату далери ба шер, далолат мекунад,ки шер шуҷоъ аст, балки шер дар шуҷоъат аз зайд қавитар ва шуҷоътар аст. Азин сабаб уламои мазҳаби мо мегуянд агар шахсе савганд ёд кунад, ки бо фалони сухан намегуяд агар бо у пас аз маргаш сухан гуфт ҳонис намешавад. Зеро мақсад аз калом ин фаҳмондан аст ва марг мунофии фаҳм ва самоъ аст. Ниг: Табйинулҳақоиқи Зайлаъи. Ҷ3 с 156- 157. Фатҳулқадир. Ибни ҳумом. Ҷ 2 с 104 ва ҷ 5 193- 196. Раддул муҳтор. Ибни обидин. Ҷ 3 с879. Аммо он аҳодисе,ки дар он самоъи амвот зикр шудааст мисли ҳадисе, ки машҳур ба қалиби бадр аст ё ҳадиси қаръи ниъол (дар поён зикр хоҳанд шуд.) Пас чунин ҷавоб додаанд: Ҳадиси аввалро аз муъҷизоти Паёмбар ва хосси он ҳазрат шуморидаанд ва ҳадиси дуввумро ҳамл бар замони аввали гузоштани майит дар қабр кардаанд. Хулоса ин буд муҳимтарин далелҳо ва ҷавобҳои ин тоифа уламо, ки мо онҳоро бо ихтисор дар инҷо зикр кардем.

Аммо иддае дигар аз саҳобагон мисли Ибни Умар ва аксари уламо ва баъзе аз ҳанафиҳо бар ин қавланд, ки мурдагон суханони зиндаҳоро мешунаванд. (мурод аз шунидани мурдаҳо яъне он сухане, ки дар назди мурда ё қабри у гуфта мешавад, мешунавад на суханоне, ки дур аз у ё дур аз қабраш гуфта мешавад. Зеро мурда қудрати шунидани сухан аз роҳи дурро надорад ва ин низ дар шариъат собит нашудааст.) Соҳибони ин қавл барои исботи қавли худ далелҳои зиёд доранд. Мо дар инҷо барои ихтисор се далели машҳури ин қавлро зикр мекунем. Далели аввал ҳадиси машҳур ба ҳадиси қалиби бадр (чоҳи бадр)аст. Хулосаи ин ҳадис онаст,ки вақто дар ҷанги бадр бузургони мушрикини қурайш кушта шуданд дар чоҳе андохта шуданд. Сипас паёмбари Худо алайҳиссалом болои он чоҳе, Ки мурдаҳо дар он андохта шуда буданд рафтанд ва онҳоро бо номҳояшон хитоб карда гуфтанд: оё ончизе,ки Худо ба шумо ваъда дода буд ҳақиқаташро ёфтед? Ман ончиро ки Худо ба ман ваъда карда буд ёфтам. Ҳазрати Умар таъаҷҷуб карда аз паёмбар пурсиданд,ки читавр бо аҷсоде,ки руҳ надоранд суҳбат мекунед ?оё онҳо мешунаванд? Ҳазрат дар ҷавоб гуфтанд: қасам ба зоте, ки ҷони ман дар дасти уст шумо шуновотар ба ончизе,ки мегуям аз онҳо нестед, аммо онҳо ҷавоб дода наметавонанд. Ривояти Бухори ва Муслим. Далели дуввуми асҳоби ин қавл ҳадиси Анас ибни молик аст,ки паёмбар мегуянд: вақто банда дар қабр гузошта мешавад ва хешони у аз назди қабр бар мегарданд ҳатто майит овози кафши онҳоро мешунавад ду малоика барои суоли у меоянд… ривояти Бухори ва Муслим. Далели саввум ин ҳадиси Ибни аббос аст,ки паёмбар мегуянд: касе нест,ки ба канори қабри бародари мусалмонаш мегузарад, ки уро дар дунё мешинохт ба у салом мекунад магар Аллоҳ таъоло руҳи он мурдаро боз ба у бар мегардонад то ба салом ҷавоб диҳад. Ривояти Ибни Абдул барр. Вуҷуҳи истидлол аз ин аҳодис зоҳир аст.

Аммо аз он ояҳое, ки дар он самоъи амвот нафй шудааст чунин ҷавоб додаанд: мурод аз мурдагон дар он оя кофирони зинда ҳастанд ва ончи дар оя нафй шудааст,ки куффор намешунаванд , мурод аз он самоъи нофиъи маҳз аст ,ки аз он шунаванда ботилро фуру гузошта ба суи ҳаққ ояд. Вагар на мутлақи шунавонидан ва шунидани куффор сурат гирифтааст. Лизо мурод аз ин оя инаст,ки ҳамонгуна,ки шумо наметавонед бо шунавонидани каломи ҳаққ мурдагонро ба суи ҳаққ роҳнамои кунед , зеро онҳо аз ҷаҳони доруламал ба ба охирати дорулҷазо мунтақил шудаанд, дар онҷо агар онҳо имонҳам биёранд иътиборе нахоҳад дошт , ҳамчунинаст вазъи куффор.

АММО ИДДАИ ДИГАР АЗ УЛАМО ҚАВЛИ ВАСАТ ВА МИЁНАРО ИХТИЁР КАРДААНД. ХУЛОСАИ ИН ҚАВЛ ИНАСТ,КИ АСЛ ДАР МУРДАГОН АДАМИ САМОЪ (ншунидан) АСТ, ВАЛЕ МУМКИН АСТ, КИ ХУДОВАНД ДАР БАЪЗЕ ВАҚТҲО ВА ҲОЛАТҲО ОНҲОРО БИШНАВОНАД. ПАС ДАР ОН МАВЗИЪҲОЕ,КИ САМОЪИ ОНҲО СОБИТ ШУДААСТ ИМОН МЕОРЕМ , МИСЛИ ҲДИСИ ХИТОБ КАРДАНИ ПАЁМБАР АЛАЙҲИССАЛОМ БА МУРДАҲОИ БАДР ВА ҲАДИСИ ЗИЁРАТИ ҚАБРИ БАРОДАРИ МУСАЛМОН , КИ ДАР БОЛО ГУЗАШТ. АММО ДАР МАВЗИЪҲОЕ,КИ НАСС ДАР ОН ВОРИД НАШУДААСТ ТАВҚҚУФ МЕКУНЕМ. ИН ҚАВЛРО ОЛУСИИ ҲАНАФИ ДАР ТАФСИРИ “РУҲУЛМАЪОНИ” Ҷ6 С455, ВА МУҲАММАД ШАФИЪ МУФТИИ СОБИҚИ ПОКИСТОН ДАР КИТОБАШ “АҲКОМУЛ_ ҚУРЪОН” Ҷ3 С168, ВА МУҲАММАД ТАҚИИ УСМОНИ ДАР “ФАТҲУЛ МУЛҲИМ” Ҷ12 С188, ВА ҒАЙРИ ИНҲО ТАРҶИҲ ДОДААНД. МУҲАММАД ШАФИЪ ДАР ТАФСИРИ “МАЪОРИФУЛ ҚУРЪОН” ДАР ТАҚРИРИ ИН ҚАВЛ МЕГУЯД: “ИН МАЗМУН (САМОЪИ АМВОТ) ДАР ҚУРЪНИ КАРИМ ЯКЕ ДАР ИН СУРА (НАМЛ ОЯИ 80) ВА ДУВВУМ ДАР СУРАИ “РУМ” ОЯИ 52 ВА 53 ТАҚРИБАН БО ҲАМИН АЛФОЗ ОМАДААСТ, ВА ДАР СУРАИ “ФОТИР” ОЯИ 22 БА ИН АЛФОЗ ОМАДААСТ: “”و ما أنت بمسمع من في القبور ЯЪНЕ ШУМО НАМЕТАВОНЕД КАСОНЕРО БИШНАВОНЕД,КИ ДАР ҚАБРҲО ҲАСТАНД. ДАР ИН ҲАРСЕ ОЯ ИН АМР ҚОБИЛИ ТАВАҶҶУҲ АСТ,КИ ДАР ҲЕҶ ЯК АЗ ОНҲО НАФАРМУД,КИ МУРДАГОН НАМЕТАВОНАНД БИШНАВАНД, БАЛКИ ДАР ҲАР СЕ ОЯ ИНРО НАФЙ НАМУД,КИ ШУМО НАМЕТАВОНЕД ОНҲОРО БИШНАВОНЕД. АЗ ИХТИЁР КАРДАНИ ИН ТАЪБИР ВА УНВОН ДАР ҲАРСЕ ОЯ ИШОРАИ ВОЗЕҲ БА ИН АСТ,КИ ИМКОН ДОРАД МУРДАГОН ИСТИЪДОД ВА САЛОҲИЯТИ ШУНИДАНРО ДОШТА БОШАНД, ВАЛЕ МО НАМЕТАВОНЕМ БО ИХТИЁРИ ХУД ОНҲОРО БИШНАВОНЕМ…” БАЪДИ ЗИКР КАРДАНИ ҲАДИСИ ИБНИ АББОС ДАР МАВРИДИ ЗИЁРАТИ ҚАБР МЕГУЯД:” ИН ҲАДИС НИШОН МЕДИҲАД,КИ БА ҲАНГОМИ САЛОМ ГУФТАНИ МУСАЛМОНЕ ХУДОВАНД РУҲИ МУРДАРО БАР МЕГАРДОНАД ВА СЛОМРО БА У МЕШУНАВОНАД ВА БА У ТАВОНОИ МЕДИҲАД ТО ҶАВОБИ САЛОМРО БИДИҲАД. НИСБАТ БА БАҚИЯИ АҲВОЛ ВА КАЛИМОТ НАМЕТАВОН БА ТАВРИ ҚАТЪИ ФАЙСАЛА ДОД ,КИ МУРДА ОНҲОРО МЕШУНАВАД ЁХАЙР? БИНОБАРИН ИМОМ ҒАЗЗОЛИ , АЛЛОМА СУБКИ ВА ҒАЙРА ЧУНИН ТАҲҚИҚ КАРДААНД, КИ ИН АМР АЗ АҲОДИСИ САҲЕҲ ВА ОЯИ МАЗКУРИ ҚУРЪОН СОБИТ АСТ,КИ БАСО АВҚОТ МУРДАГОН КАЛОМИ ЗИНДАГОНРО МЕШУНАВАНД, ВАЛЕ ИН СОБИТ НЕСТ, КИ ҲАР МУРДАЕ ДАР ҲАР ЗАМОНЕ КАЛОМИ ҲАРКАСРО ҲАТМАН МЕШУНАВАД, БАДИН ТАРИҚ БАЙНИ РИВОЁТ ВА ОЁТҲАМ ТАВОФУҚ ЭҶОД МЕГАРДАД, ИМКОН ДОРАД ,КИ МУРДА ДАР БАЪЗЕ АВҚОТ КАЛОМИ ЗИНДАГОНРО БИШНАВАД ВА ДАР БАЪЗЕИ ДИГАР НАШНАВАД. . ЛИЗО ДАР МАВОРИДЕ,КИ АЗ АҲОДИСИ САҲЕҲ ШУНИДАН СОБИТ ГАРДАД , ДАР ОНҶО БАР ШУНИДАН БОЯД АҚИДА ДОШТ, ВА ҶОЕ,КИ СОБИТ НЕСТ ДАР ОНҶО ҲАРДУ ИҲТИМОЛ ВУҶУД ДОРАД. БИНОБАРИН НА МАҶОЛЕ БАРОИ ИСБОТ ҚАТЪИСТ ВА НА БАРОИ НАФЙИ ОН ҚАТЪИ” МАЪОРИФУЛ ҚУРЪОН. Ҷ6 С195 ТО197. Ин буд мазоҳиби уламо дар масъалаи самоъи амвот .

Муҳаммад Умари Сарбози дар хусуси ин ихтилофи уламо дар ин масъала мегуяд:” чун далоили ҳар гуруҳ қави ҳастанд ва масъалаҳам аз заруриёти илми ва амали нест лизо ҳеч гуруҳро раво нест,ки тафсиқ ва тазлили гуруҳи дигарро кунад.” Фатовои манбаул улум. Ҷ1 с142. Аммо оё паёмбаронҳам дар ин ихтилоф дохиланд? Муҳамма Умари сарбози мегуяд: самоъи мавто ду сурат аст: яке самоъи анбиё алайҳимуссалом, дуввум самоъи умуми мурдаҳо. Ва онҳам ду қисм аст: наздики қабр , ё аз дур. Пас иҷмол инаст, ки самоъи мавто дар нидои дур аз қабр назди аҳли таҳқиқ барои ҳеч яке аз анбиё ва ғайраҳум собит нест. Ва наздики қубур барои анбиё назди ҷумҳур собит аст. Ва наздики қубур барои умуми мурдаҳо мухталафун фиҳи аст.” Фатовои Манбаул улум. Ҷ1 с141.

Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст