#Савол
Алгоритми шоханок (шартӣ) чист?
#Ҷавоб
Алгоритми шоханок гуфта, алгоритмеро меноманд, ки дар он вобаста аз иҷро шудан ё нашудани ягон шарт баъзе қадамҳои он иҷро шуда, баъзеашон иҷро намешаванд.
Тарзи истифодабарии ин алгоритм чунин аст:
АГАР шарт ҳақ бошад, ОН ГОҲ амали 1, ВАГАРНА амали 2 иҷро мешавад.
Дар алгоритми шоханок шарт тафтиш карда мешавад. Вобаста аз натиҷаи тафтиш яке аз амалҳои 1 ё 2 иҷро мешавад.
Муфассал бо мисолҳо инҷо