“Агар якбори дигар кимор бози кунам занам се талок”?

0

# Савол

Ассалому алайкум. Марде пас аз бохт дар бозии қимор қасам ёд мекунад, ки “агар як бори дигар бозӣ кунам, занам ба ман се талоқ”, лекин нияташ талоқи зан набуда, балки ба мақсади манъ кардани худ аз ин кори бад чунин қасам мехӯрад. Дар ин ҳолат талоқ воқеъ мешавад ё на?

# Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар масъалаи мазкур агар шахси қасамхўрда боз қимор бозад, ҳамсараш се талоқ мешавад. Аз ин рў, бояд аз ин кори ҳаром шадидан дурӣ ҷўяд ва зиндагии ободашро барбод надиҳад. Агар имкон дошта бошад, барои огоҳӣ аз тафсилоти масъала ба Раёсати фатво муроҷиат кунад.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (1979)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст