Агар касеро дашном диҳем савобҳои мо ба ӯ мегузарад?

0

# Савол

Оё ин гап дуруст аст, ки агар касе шахсеро дашном диҳад, савобҳои ӯ ба шахси дашномдода мегузарад?

# Ҷавоб

Касеро беузр дашном диҳед, гуноҳ мегиред, зеро дар ҳаққи ӯ зулм намудаед. Агар аз он кас биҳилӣ ва бахшиш  нахоҳед, дар рӯзи қиёмат савоби амалҳои шуморо гирифта, ба ӯ медиҳанд. Чунки дар он рӯз симу зар ба кор намеояд, балки аз некиҳои золим ситонида, ба мазлум дода мешавад.

Шӯрои уламо (563)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)