Танхо намози бомдодро хони кабул мешавад ё не?

0

# Савол

Ассалому алейкум! Баьзе одамон танхо як вакт яьне танхо намози Бомдодро мехонанд он кабул мешавад ё не??

Аз Илёс

#Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шариати Ислом бар ҳар фарди мусулмон панҷ вақт намозро фарз гардонидааст, аз ин рӯ, гузоридани ин панҷ вақт амри ҳатмӣ аст. Аммо қабул шудан ё нашудани намозро фақат Худованд медонад.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2653)


Ва алайкумуссалом. Бародари азиз! Панҷ вақт намоз хондан бар ҳар мусалмон фарз аст ва тарки як ё чанд намоз гуноҳи кабира мебошад. Гуноҳи қазо як намоз вазнинтар аз гуноҳи зино, арақнуши ва ғайбат аст.

Зеро Имом Заҳабӣ дар китоби “Кабоир” овардааст, ки Рузе як зане ба назди ҳазрати Мусо (алайҳиссалом) омада гуфт, ки ман гуноҳе кардаам ва мехоҳам ба Худо тавба кунам. Мусо гуфт; чи гуноҳе кардаӣ? Он зан гуфт: Ман зино кардам ва фарзанди аз зино таваллуд кардаи худро куштам. Мусо дар ғазаб шуда ба он зан гуфт: Аз ин ҷо баро эй фоҳиша! Зеро аз наҳси ва касофатии ту шояд аз осмон оташе фуруд ояд ва ҳамаи моро бисузад! Он зан аз онҷо баромад. Сипас Ҷибрил ба назди Мусо омад ва гуфт: Худоят мегуяд, ки :эй Мусо чаро бандаи маро, ки ба қасди тавба ба назди ту омада буд ноумедаш кардӣ?! Магар намедонӣ, ки шахсоне ҳастанд, ки аз ин гуноҳи бузургтар мекунанд? Мусо гуфт: Пок ҳастӣ Худоё! Оё аз гуноҳи ин зани зинокор ва одамкуш гуноҳи бадтаре ҳаст? Ҷибрил гуфт: Оре ва ҳамон шахс касест, ки қасдан намозҳояшро намехонад. Чунин шахс бадтар аз зинокор ва одамкуш аст.

Аз ин сабаб бояд панҷ вақт намозро хонд ва агар як намозро бихонаду тарки 4 вақти дигар кунад, хело гуноҳ мегирад ва бояд ҳарчи зудтар тавба карда панҷ вақтро хонад ва он рузҳое, ки 4 вақт намозро тарк карда аст қазоҳои он рузҳоро бихонад.


Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст