# Савол
Занон чӣ гуна намози таровеҳ мегузоранд? Зан чи гуна намози таровех мегузоранд?
# Ҷавоб
Намози таровеҳ барои марду зан як намуд аст ва фарқе дар он вуҷуд надорад. Агар марде аз аҳли хонавода ба онҳо имомат кунад, метавонанд, ки аз паси ў иқтидо карда бо ҷамоат гузоранд. Дар ӣайри ин сурат танҳо-танҳо мегузоранд, вале аз миёнашон як занро имом қарор дода наметавонанд.
Шӯрои уламо (2830)
# Савол
Оё дуруст аст, ки зан намози таровеҳро ҳамроҳи аҳли оила дар сафи мардон гузорад?
# Ҷавоб
Зан метавонад, ки ҳамроҳи аҳли оила намози таровеҳро бо ҷамоат гузорад, фақат бояд дар саффи охир биистад.
Шӯрои уламо (2832)
