#Савол
Вазифахои давлат кадомхоянд? Давлаи дорои кадом вазифахо мебошад?
#Ҷавоб
Одатан, вазифаҳои дохилӣ ва хориҷии давлатро аз ҳам фарқ менамоянд:
а) вазифаҳои дохилии давлат:
– таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ;
– вазифаҳои хоҷагидорӣ ва ташкилотчигӣ (коркарди сиёсати иқтисодӣ, танзими муносибатҳои иқтисодӣ, ташаккули буҷаи давлат, назорати ситонидани андоз ва ғ.);
– вазифаҳои иҷтимоӣ (ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, таъмини нафақа, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва ғ.)
– вазифаҳои тарбиявию фарҳангӣ (рушди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ташкили истироҳат ва фароғат).
б) вазифаҳои хориҷии давлат:
– ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналхалқӣ;
– таъмини мудофиаи мамлакат;
– рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо давлатҳои дигар;
– иштирок дар тақсими байналхалқии меҳнат.