Умари Хайём кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Ашъор

0

# Савол

Умари Хайём кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Умари Хайём.

Умари Хайём кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Умари Хайем.

# Ҷавоб

Умари Хайём рӯзи 18 моҳи майи соли 1048 дар Нишопур дар хонадони хаймадӯз ба дунё омадааст ва дар рӯзи 4 декабри соли 1131 дар худи ҳамон шаҳр дар даст «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино аз дунё гузаштааст.

# Намунаи ашъор

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад.

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Некуст даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ?
Дардеҳ қадаҳе бода, ки шаб мегузарад.

Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Хуш бош кунуну умр бар бод макун.

Манбаъ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)