Улотрикс чист? «Ҷомаи қурбоққа»

0

# Савол

Улотрикс чист? Таърифи улотрикс аз фанни ботаника бо забони тоҷикӣ / точики. «Ҷомаи қурбоққа» / чомаи курбока чист?

# Ҷавоб

Дар обҳои ширини сустҷараёни ҷӯйҳо, дарёҳо, ҳавзҳо мо бештар ба анбӯҳи риштаҳои абрешиммонанди сабзи равшан дучор мешавем, ки онҳо аз тарафи асосашон ба ягон ҷисмҳои сахти зериобӣ (санг, кундаҳои дарахтон ва ғайраҳо) часпида, тарафи нӯгиашон дар об озод ҷавлон мезананд.

Ин обсабзи бисёрҳуҷайрагӣ улотрикс ном дошта, аз силсилаи ҳуҷайраҳои кӯтоҳи паси ҳамдигар ҷойгирбуда иборат аст. Дар маҳалҳо онро «ҷомаи қурбоққа» низ меноманд.

Ботаника синфи 5

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст