# Савол
Типи паҳнкирмҳо чи гуна тип аст? Типи пахнкирмхо бо забони тоҷикӣ / точики аз фанни зоология.
# Ҷавоб
Бадани паҳнкирмҳо, баръакси рӯдаковокҳо сеқабата буда, таносуби дутарафа дорад. Аз бадани онҳо агар як хати барқади симметрӣ гузаронем, онро ба ду қисми баробар тақсим кардан мумкин аст. Сохти баданашон нисбат ба рӯдаковокҳо мураккабтар мебошад. Шакли бадани паҳнкирмҳо ба барг ё тасма монанд буда, паҳн аст. Номи тип ҳам аз ҳамин ҷо гирифта шудааст.