Типи Исфанчхо чи гуна тип аст?

0

# Савол

Типи Исфанҷҳо чи гуна тип аст? Типи Исфанчхо чи гуна тип аст?

# Ҷавоб

Исфанҷҳо дар байни ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра яке аз одитаринҳоянд. Зоологҳо тахмин мекунанд, ки исфанҷҳо аз қамчинакдорони тӯдагӣ (колониявӣ) пайдо шудаанд.

Дар замони ҳозира 7000 намуди исфанҷҳо дар дунё маълум аст. Ин тип 3 синф дорад: исфанҷҳои оҳакин, шишагӣ ва муқаррарӣ. Номи синфҳо ба моддаи таркиби скелеташон вобастагӣ дорад.

Аксарияти исфанҷҳо дар зери обҳои баҳр ба ягон ашё часпида, беҳаракат зиндагонӣ мекунанд, як миқдори хеле камашон дар обҳои ширин вомехӯранд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст