Табиат чист? 

0

# Савол

Табиат чист?

# Ҷавоб

Замину Осмон ва умуман ҳама мавҷудот – аз резтарин зарра то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯйи Замин то наҳанги дарёӣ – ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ табиат (табиъат)-ро ташкил медиҳанд. Худи одам низ як ҷузъи табиат аст.

Калимаҳои Коинот, Кайҳон, дунё, гетӣ, олам низ гоҳо ба ҳамин маънӣ (ба маънои табиъат) корбаст мешаванд. Аммо дар гуфтугузори ҳаррӯза табиат гуфта маъмулан қисми қобили мушоҳидаи олам ё ҳатто муҳити атрофро мефаҳманд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)