Дастро дар намоз на зери ноф, балки аз болои он доштан дуруст аст?

0

# Савол

Лутфан гӯед, ки дастро дар намоз на зери ноф, балки аз болои он доштан дуруст аст ё на? Бо ҳадисҳо ҷавоб диҳед.

# Ҷавоб

Аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дастҳо дар намоз бояд дар зери ноф гузошта шаванд. Ин амал бо ҳадисҳои набавӣ ва бо амали саҳобагон ва бузургони дин собит шудааст.

Дар ин ҷо бархе аз он аҳодисро зикр мекунем:  Аз Воил ибни Ҳуҷр (р) ривоят аст, ки фармуд: «Пайғамбар (с)-ро дидам, ки дасти росташро болои дасти чапаш дар намоз дар зери ноф мегузоштанд». (Ривояти Ибни Абӯшайба)

Аз ҳазрати Алӣ (р) низ ривоят аст, ки чунин фармуд: «Гузоштани каф болои каф дар намоз зери ноф аз суннат аст». (Ривояти Абӯдовуд)

Мутобиқи усули муҳаддисин агар саҳобӣ ба амале суннатро итлоқ намояд, гуфтаи ӯ ҳукми ҳадиси марфуъро дорад. Бинобар ин, аз нигоҳи Имом Абӯҳанифа (р) гузоштани дастҳо дар зери ноф беҳтар ва роҷеҳтар мебошад.

Шӯрои уламо (878)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст