# Савол
Синну соли гов ё буққае, ки дар маъракаҳо кушта мешавад, бояд чанд бошад. Масалан, гӯсолаи шаш ё ҳаштмоҳаро куштан ҷоиз аст?
# Ҷавоб
Гов ё буққае, ки дар маъракаҳо мекушанд, синну сол шарт нест, хоҳ 6-моҳа бошад ё аз он зиёдтар ё кам. Синну соли гов фақат дар қурбонӣ эътибор гирифта мешавад, ки ҳатман баъд аз 2-сола ё аз он зиёд бошад, агар аз 2-сола кам бошад, қурбонӣ карда намешавад.
Шӯрои уламо (575)
