# Савол
Синни ба балоғат расидан дар Тоҷикистон чанд аст ва дар кадом қонони ҶТ дарҷ шудааст? Синни ба балогат расидан дар Точикистон чанд аст? Ва дар кадом конони ЧТ дарк шудааст?
Аз: Фирӯз
# Ҷавоб
Моддаи 22. КГ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Қобилияти амали шаҳрванд
1. Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқи гражданӣ, барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд.
2. Агар тибқи қонун издивоҷ то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан иҷозат бошад, шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида аз вақти издивоҷ карданаш пурра қобилияти амалро ба даст меорад.
Қобилияти амали дар натиҷаи издивоҷ бадастомада дар сурати бекор кардани никоҳ низ пурра боқӣ мемонад.
Дар сурати беэътибор донистани никоҳ суд метавонад дар хусуси аз лаҳзаи муайяннамудаи суд қобилияти пурраи амалро аз даст додани ҳамсари ноболиғ қарор қабул намояд.